Menu
Categories
Тожикистон ва Ўзбекистонда таниқли адабиётшунос олим вафот этди – Таъзия ўрнида…
11/22/2020 Бош мақола

ТОЖИКИСТОН ВА ЎЗБЕКИСТОНДА ТАНИҚЛИ АДАБИЁТШУНОС ОЛИМ ВАФОТ ЭТДИ

Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

https://sputnik-tj.com хабар беради:

Абдусалом Абдуқодиров, профессор ва Навоишиноси маъруф дар синни 71 – солагӣ олами фониро тарк гуфт. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдусалом Абдуқодиров ҳудуди ду ҳафта дар Шифохонаи вилоятии маризиҳои сироятӣ бистарӣ буд ва пас аз рухсат шудан дар манзили худ вафот кард.

“Ташхиси духтурон мушаххас нест, аммо он кас дар гузашта аз маризии қанд азият мекашиданд. Вазъашон ҳам пас аз шифохона беҳбуд наёфт”, – гуфт ӯ.

Абдусалом Абдуқодиров 19 сентябри соли 1949 дар деҳаи Ҳавутаки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шуда, соли 1974 факултаи забону адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Иннститути давлатии педагогии Ленинобод) – ро хатм кардааст.
Аз ҳамон сол ин донишгоҳ “хонаи дуввум” – и ӯ шуд ва то дами марг аз лаборанти калону муаллими одӣ шуруъ намуда, то декани факултети филологияи ӯзбекӣ, мудири кафедраи усули таълими забону адабиёти ӯзбек ва мудири кафедраи адабиёти ӯзбекӣ кор кардааст. Доктори илмҳои филологӣ (1999) ва профессор (2015) буд.
Абдусалом Абдуқодиров муаллифи беш аз 350 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ, аз ҷумла қариб 20 рисола, 2 маҷмӯаи мақолаҳо, 2 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ-методӣ, 4 луғат, 11 дастури тарбиявӣ буда, осораш, аз ҷумла таҳти унвонҳои “Назми ҷанговар” (1990), “Навоӣ ва тасаввуф” (1994), “Навоӣ ва нақшбандия” (1994), “Луғати истилоҳҳои тасаввуф” (2006), ”Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Амир Алишер Навоӣ” (2014), ”Равобити адабӣ, анъана ва маҳорат” (2017), “Масъалаҳои тасаввуф, навоишиносӣ ва таълими адабӣ” (2019) ва ғайра бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, туркӣ ва ғайра дар Тоҷикистон, Ӯзбекистону Туркия ба нашр расидаанд.
Муаллифи китобҳои дарсии “Адабиёт” (2007) ва “Адабиёти Ватан” (2003) барои мактабҳои ӯзбекии Тоҷикистон мебошад. Аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Аълочии маорифу фарҳанги Тоҷикистон, “Шаҳрванди фахриии шаҳри Навоӣ”-и Ӯзбекистон (2018 ), “Олими сол” – и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2019) низ буд.

https://sputnik-tj.com

*~*~*~*~*~*~*~*~*
Ўзбек адабиётшунослиги бўйича тожикистонлик таниқли мутахассис олим, олийгоҳдаги сабоқдош биродарим Абдусалом Абдуқодировнинг боқий дунёси обод, руҳи шод бўлсин. Аллоҳ раҳмат қилсин. Омийн.
Марҳумнинг оила аъзоларига ўзимнинг чуқур ҳамдардлигимни билдираман.
Инна лиллаҳи ва инна илайҳи рожиъун.

Аҳли Расул Муҳаммад.

Sputnik Tajik (https://sputnik-tj.com/)
Sputnik Tajikistan news today
Фавриву дақиқ аз рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳон

Leave a Reply
*